Аз таркиши газ дар як баландошёнаи Андиҷон 3 кас захмӣ шуд
Шаби 9 декабр дар натиҷаи таркиши газ дар яке аз биноҳои баландошёнаи зист дар кӯчаи Қушариқи Андиҷон сӯхтор ба амал омад.
Бино ба хабари расонаҳо, дар яке аз ҳуҷраҳои бино газ ҷамъ шуда ва соҳиби хона вақте чароғро рушан мекунад, таркиш рух додааст.
Ба огаҳии Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Андиҷон, дар натиҷаи таркиш се сокини ҳуҷраи мазкур осебдида, феълан дар беморхона бистарӣ ҳастанд.
Таркиш ба ҳуҷраҳои дигари бино низ осеб расондааст. Наҷотдиҳандагон тавонистанд, дар давоми 16 дақиқа оташро хомуш кунанд.
Мақомоти маҳаллӣ сокинони зарардидаро бо манзили зисти муваққат таъмин карда, ҳуҷраҳоро таъмир доранд.