Додситонии кулли Тоҷикистон Далер Шарифовро "барои ҷомеа хавфнок" номидааст
Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳоди Идораи зиндонҳоро дар бораи ба маҳбаси сукунатӣ гузарондани хабарнигори тоҷик Далер Шарифов рад карда, ӯро "барои ҷомеа хавфнок" номидааст. Дар ин бора падари хабарнигор, Абдуманнон Шарифов, ба Радиои Озодӣ хабар дод.