Боздошти корманди ВКД барои қаллобӣ
Кормандони Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфтанд, ки як сардори қисми навбатдории вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рудакиро барои “қаллобӣ” боздошт кардаанд. Ин ниҳод навишт, ки Таҳмурас Ғаюров ба порагирӣ муттаҳам мешавад. Оҷонсӣ мегӯяд, гумонбар моҳи июни соли 2018 барои интиқоли як шаҳрванд аз Донишкадаи низомии Вазорати дифоъ ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 3 ҳазор доллар хостаст. Ба ӯ 15 ҳазор сомонӣ пешпардохт шудааст. Маълум нест, ки худи гумонбар дар ҷиноят дар ин замина чӣ назар дорад.