Сафири Бритониё дар "Туркманистони озод аз коронавирус" ба COVID-19 мубтало шудааст
Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Туркманистон гуфт, ӯ бояд аз коронавируси нав табобат бигирад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти туркман иддао доранд, дар он кишвар то ҳол ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор нашудааст.