Баъзе оилаҳо дар Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки "хӯрданро кам карданд"
32 дарсади оилаҳое, ки дар як назарсанҷии Бонки Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон иштирок кардаанд, гуфтаанд, хӯрдани хӯрокро кам карданд. Иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, гуруснагӣ дар қисме аз хонаводаҳо "падидаи воқеии соли 2020 буд".