Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2020

Пирӯзии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Эрон дар бозии дӯстона дар Душанбе

0
Пирӯзии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Эрон дар бозии дӯстона дар Душанбе

Бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон, ки имрӯз, 24-уми декабр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бе ҳузури тамошогарон доир гардид, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.

Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Алӣ Субҳонӣ, бозигари мунтахаби Эрон, дар дақиқаи 56-ум, тӯбро аз масофаи наздик бо зарбаи сар ба дарвоза зада, ҳисобро боз кард. Зимнан, меҳмонон имкон доштанд, ки ҳанӯз ду дақиқа пеш аз ин гол муваффақ шаванд. Вале Ёсин Салмонӣ тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонида натавонист. Тӯби аз пеналтӣ задаи ӯро дарвозабони мизбонон Шоҳрух Қирғизбоев дошт.

Баъдан сардовари бозӣ Сайёдҷон Зайниддинов аз шаҳри Душанбе ба дарвозаи меҳмонон ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Ба назари ӯ бозигари мунтахаби Эрон Муртазо Истокӣ дар ҷаримагоҳ муқобили ҳарифаш қоидаи бозиро вайрон намуд. Тӯбро аз пеналтӣ Абдулмуъмин Забиров дар дақиқаи 73-юм ба ҳадаф расонид.

Голи дувум ва ҳалкунандаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Шаҳром Самиев дар охири бозӣ, дар дақиқаи 86-ум, зад. Ӯ тӯби аз самти чап ба ҷаримагоҳ ҳавододаи ҳамдастааш Ҷонибек Шариповро бо зарбаи сар ба тӯри дарвозаи эрониҳо ворид кард.

Ба ин тартиб, бозии аввали дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон рӯзи якшанбеи 27-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки мунтахабҳои ҷавонони ҳарду кишвар худро барои рақобатҳои қаҳрамонии футболи Осиё, ки ҳукми интихобии Ҷоми ҷаҳониро дорад, омода мекунанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё (U-19), ки аз 3-юм то 20-уми марти соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Малайзия, Яман ва Қатар бозӣ хоҳад кард.

Ба гузориши расонаҳои хабарии Эрон, меҳмонон аз сафари худ ба Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ карда, иброз доштаанд, ки мизбонии бисёр шоиста анҷом дода, беҳтарин имконот барои тимҳои навҷавонон ва ҷавонон фароҳам шудааст, шароити тамрин бисёр матлуб аст.

Бозии дӯстона

27-уми декабр (якшанбе)

Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19) – 2:1

Голҳо: Алӣ Субҳонӣ, 56 (0:1). Абдулмуъмин Забиров, 73 – аз пеналтӣ (1:1). Шаҳром Самиев, 86 (2:1).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф расонида натавонист: Ёсин Салмонӣ (Эрон), 55 – дарвозабон.

ТОҶИКИСТОН (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Алиҷон Қароматуллозода, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Муҳаммад Саломзода, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров, Шарифбек Раҳматов (Шуҳрат Элмуродов, 79), Озодбек Панҷиев (Ҷонибек Шарипов, 46), Ислом Зоиров (Суннатулло Исмоилов, 82), Рустам Соиров (Шоҳрух Сангов, 64), Шаҳром Самиев.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ





Губернаторы России
Москва

Собянин: Более трех миллионов человек посетили фестиваль «Москва на волне. Рыбная неделя»





Москва

Книжные новинки, лаборатория текста и иллюстраций — ждут гостей Московского детского фестиваля искусств «НЕБО»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: фонд музея "Царицыно" собрал 61 тыс. произведений искусства



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Ольга Бузова

«Можно даже не уметь играть в футбол»: Ольга Бузова публично высмеяла и унизила бывшего мужа Дмитрия Тарасова




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Больше всего работников с креативными идеями работает в ритейле и спорте

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)


Надежда Петрова

Теннисистка Петрова: Карацеву не хватает игровой уверенности



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Game News

Today's Wordle answer for Thursday, May 30



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России