Варзишгари рус ва шавҳараш гуфтаанд, ба Русия барнамегарданд
Як ҷуфти рус, ки дар ифшои ҷанҷоли истифодаи допинг дар Русия нақши муҳиме доштанд, гуфтаанд, ки дигар Русияро хонаи хеш намешуморанд ва нияти бозгашт ба онро надоранд. Виталий Степанов ва ҳамсараш Юлия бо писари 7-cолаашон дар яке аз гӯшаҳои Амрико зиндагӣ мекунанд.
Виталий Степанов рӯзи 27-уми декабр дар мусоҳибае бо Хабаргузории Олмон гуфтааст, “Русия ҷоест, ки мо онҷо зода шудаем. Ҳеч нияти бозгашт ба Русияро надорем.” Ин ҷуфт соли 2014 пеш аз намоиши филми мустанад дар бораи ҳимояти ҳукумати Русия аз истифодаи допинг дар байни варзишгарони рус аз кишвар гурехтанд. Ҳарду дар ин филм ҷузъиёти истифодаи васеи доруҳои неруафзо дар байни варзишгарони русро ошкор кардаанд.
Виталий Степанов гуфтааст, ки соли 2016 бо дархости паноҳандагӣ ба ҳукумати Амрико муроҷиат кардаанд ва мисли оилаҳои миёнаҳоли амрикоӣ зиндагӣ мекунанд. Ба қавли Степанов, ӯ ва ҳамсараш аз коре, ки карданд, пушаймон нестанд. Юлия Степанова, аз давандагони собиқи тими миллии Русия, суҳбати мураббиёну варзишгарони русро пинҳонӣ сабт карда буд, ки он дар як филми мустанади Телевизиони Олмон нашр шуд.
Баъди ин Оҷонси Байналмилалии Зидди Истифодаи Допинг (WADA) бо кӯмаки Григорий Родченков, раиси собиқи Озмоишгоҳи зидди истифодаи допинг дар Маскав амалкардҳои Русияро таҳқиқ кард ва тими миллии кишварро аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаи давидан дар масофаҳои гуногун маҳрум сохт.