"Фараж": Баъди марги се заҳролудшуда дар Кӯшониён сардухтурро барканор карданд
Вебсайти "Фараж" менависад, баъди ҳодисаи аз ғизо заҳролуд шудани 11 нафар дар ноҳияи Кӯшониён ва даргузаштани се нафари онҳо, сардухтури беморхонаи ҷамоати деҳоти Заргар аз мақомаш барканор шуд. Вебсайт, ки ин хабарро аз ҳафтаи гузашта пайгирӣ мекунад, рӯзи 5-уми апрел навишт, ки мақомоти маҳаллӣ Идибек Боймуродзодаро барои "беэътиноӣ" ба қазияи якбора заҳролуд шудани 11 нафар, ки бо марги як зану ду кӯдак аз оилаи Солиевҳо анҷомид, аз мақомаш барканор карданд.
Дар хабар омадааст, ки шаби 27-уми март 11 узви ин оилаи сокини ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон "қайлаи ба истилоҳи маҳаллӣ «шакароб»-ро, ки вайрон шудаву занбурӯғи сафед ҳосил" карда буд, истеъмол карданд. Ҳамаи онҳо дар як вақт заҳролуд шуда, дар натиҷа, рӯзи 1-уми апрел аввал як тифл ва рӯзи баъдаш як кӯдаку як зан вафот карданд. Ин қазияро додситонии ноҳияи Кӯшониён таҳқиқ мекунад.
Табибон машварат медиҳанд, ки аз рӯи имконият, дар шароити хона консерваи сабзаҷот таҳия нашавад, вале агар ҳам зарурат буд, бояд дар шаротии тозагиву гигиении комила омода гардад. Консерваҳои дар шароити бади санитарӣ омодашуда ҳамасола боиси заҳролудшавии чандин оила дар Тоҷикистон мешавад.