Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2021

Таъсиси Суперлига -- "инқилоб" дар футболи Аврупо?

0
Таъсиси Суперлига --

Суперлигаи футболи Аврупо таъсис дода шуд. 12 бошгоҳи барҷаста омодагии худро барои тарк кардани мусобиқаҳои УЕФА ва иштирок дар мусобиқаи пӯшида эълон карданд. Дар ин бора сомонаи championat.com хабар додааст.  

Ба иттилои манбаъ, ташаббусро бошгоҳҳои англисии “шашгонаи бузург” (“Манчестер Юнайтед”, “Ливерпул”, “Манчестер Сити”, “Арсенал”, “Челси”, “Тоттенҳэм”), бошгоҳҳои номдори испанӣ, ба монанди “Барселона”, “Реал” ва “Атлетико ”, инчунин се бошгоҳи Италия - “ Интер ” “Милан” ва “Ювентус” дастгирӣ карданд.

Ва агар қаблан чунин суҳбатҳо танҳо дар заминаи "шояд дар оянда" доир мешуд, ҳоло ҳама чиз ҷиддӣ аст: бошгоҳҳо расман иштироки худро эълон карданд, оғози мусобиқа моҳи август ба нақша гирифта шудааст ва оҷонсии бритониёии InHouse Communications ба таблиғ машғул хоҳад шуд.

Вале УЕФА ва ФИФА ба ғазаб омадаанд: ин ҷудоиандозӣ ибтидои тағйироти бузурги инқилобӣ аст.

Қарор аст, ки ин мусобиқа 15 бошгоҳ-муассис дошта бошад - 12-тои онҳо аллакай маълуманд ва боз се ширкаткунандаро дарёфт кардан лозим аст. “Бавария” (Олмон), “Боруссия” (Олмон) ва ПСЖ (Фаронса) аз пайвастан ба лигаи нав даст кашиданд.

Панҷ иштироккунандаи дигар (дар маҷмӯъ 20 бошгоҳ ба нақша гирифта шудааст) ҳар сол ба Суперлига роҳхат мегиранд. Дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз 10-бошгоҳӣ тақсим карда мешаванд, ки ҳар яке дар маҷмӯъ 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо се ҷойи аввалро мегиранд, ба даври баъдӣ роҳ пайдо мекунанд. Дастаҳои ҷойҳои чорум ва панҷумро ишғолкарда барои ба плей-офф роҳ ёфтан ду бозӣ анҷом медиҳанд. Бозиҳо дар рӯзҳои корӣ баргузор мешаванд.

Бошгоҳҳо-муассисон инчунин изҳор карданд, ки баробари оғози Суперлигаи мардон, Суперлигаи занонро таъсис медиҳанд.

Сарпарасти кулл JP Morgan Bank мебошад. Ширкат омода аст дар мусобиқоти нав тақрибан 5,3 миллиард евро сармоягузорӣ кунад ва хараҷотҳои худро дар оянда тавассути қарордодҳои тиҷоратӣ ва ҳуқуқ ба пахши барномаҳои телевизионӣ баргардонад.

The Times хабар додааст, ки бошгоҳҳо-муассисони Суперлига барои иштирок дар мусобиқа 3,5 миллиард евро мегиранд. Тамоми хароҷоти бошгоҳҳоро гурӯҳи молиявии субот назорат хоҳад кард.

Президенти дастаи «Реал Мадрид» Флорентино Перес президенти Суперлига шуд. "Мо ба футбол дар ҳар сатҳ кӯмак хоҳем кард ва онро ба ҷойи муносиби худ дар ҷаҳон мебарорем. Футбол ягона варзиши ҷаҳонӣ аст, ки мухлисони он 4 миллиардро ташкил медиҳанд. Масъулияти мо, масъулияти бошгоҳҳо калон аст, ки ниёзҳои ин афродро бароварда созем", - гуфт ӯ.

Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ин нақшаҳоро "барои футбол хеле харобиовар" номид ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон раддияи бошгоҳҳои фаронсавиро барои даст кашидан аз иштирок дар мусобиқаи нав тасдиқ кард.

УЕФА бо Ассотсиатсияи футболи Англия, Премер-Лига, Федератсияи футболи Испания, Ла Лига ва Федератсияи футболи Италия, инчунин Серияи А изҳороти муштарак содир намуда, изҳор дошт, онҳо «дар талоши қатъ кардани ин лоиҳа, ки дар асоси манфиатҳои шахсии якчанд бошгоҳҳо таъсис дода, дар замоне ки ҷомеа ба ҳамбастагӣ беш аз пеш ниёз дорад, муттаҳид хоҳанд шуд. Мо аз тамоми чораҳои дар ихтиёрамон мавҷудбуда дар ҳама сатҳҳо - ҳам додгоҳӣ ва ҳам варзишӣ - баррасӣ хоҳем кард, то ин тавр нашавад. Футбол барои мусобиқаҳои кушода ва сифатҳои варзишӣ аст, дигар хел буда наметавонад», - омадааст дар изҳорот.

Инчунин, УЕФА ва ФИФА ба бошгоҳҳое, ки ба Суперлига пайвастанд, бо манъи ширкат дар ҳама гуна мусобиқаҳои дигар дар сатҳи миллӣ, аврупоӣ ва ҷаҳонӣ таҳдид карданд ва бозигарони онҳо аз даъват ба тими миллӣ маҳрум мешаванд.

“ФИФА ҳамеша ҷонибдори сулҳу дӯстӣ дар футболи ҷаҳонӣ аст ва доимо ҷонибҳоро дар мубоҳисаҳои шадид ба муколамаи ором, созанда ва дар рӯҳияи ҳамбастагӣ ва ростқавлӣ ташвиқ мекунад. Албатта, мо барои пешрафти ҳаматарафа ба манфиати умумии футбол ҳар кори лозимаро мекунем”,-иқтибос меорад изҳороти ФИФА-ро сомонаи Mirror. 

Премер-Лигаи Русия низ таъсиси Суперлигаи футболро дастгирӣ нахоҳад кард ва ҷонибори УЕФА мебошад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин посетил фестиваль «Москва — на волне. Рыбная неделя»





Москва

Книжные новинки, лаборатория текста и иллюстраций — ждут гостей Московского детского фестиваля искусств «НЕБО»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин посетил фестиваль "Москва – на волне. Рыбная неделя"



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

Черный хлеб и сосиски: какие капризы Басты исполняют организаторы концертов по его райдеру




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

МегаФон привёз спасателям и пожарным грузовик связи

Вышел второй подкаст онлайн-лектория «Иннагрика» о возможностях аграрной генетики для молодых исследователей

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Уимблдон

Надаль пропустит Уимблдон из-за желания сыграть на Олимпиаде



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Тело известного якутского рэпера IAN HOPELESS доставят в Якутск 1 июня



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России