Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон оғоз ёфт
Дар нахустин даври мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои истироҳат – 24-25-уми апрел – баргузор шуд, панҷ бозӣ доир гашт.
«Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ «Равшан»-и Зафарободро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. «Барқчӣ»-и Ҳисор бар дастаи меҳмон - «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат - бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар меҳмонӣ «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷро бо ҳисоби 1:0 ноком кард. «Динамо»-и Душанбе дар сафар «Исфара»-и шаҳри Исфараро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дод. «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ дар майдони худ ба «Моҳир»-и Ёвон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.
Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, аз шаш бозии дар даври аввал ба нақша гирифташуда яктоаш доир нагашт. Бозӣ миёни дастаҳои «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба рӯзи эҳтиётии тақвим интиқол дода шуд.
Бозиҳои даври дувуми мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон рӯзҳои 30-юми апрел ва 1-уми май баргузор мешаванд.
Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон
Даври 1-ум
«Ҳосилот» – «Равшан» (Зафаробод) – 2:1
Голҳо: Хайрулло Азизов, 26 (1:0). Далер Чолов, 45 (2:0). Зиёвуддин Фузайлов, 66 – аз пеналти (2:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Далер Чолов («Ҳосилот»).
24-уми апрел. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 1700 тамошобин.
«Барқчӣ» – «Ваҳдат» – 2:0
Голҳо: Файзиддин Назаров, 61 (1:0). Сорбон Ғиёсов, 68 (2:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Файзиддин Назаров («Барқчӣ»).
24-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.
«Саройкамар» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1
Гол: Шавкати Ҳотам, 27.
Беҳтарин бозигари дидор: Шавкати Ҳотам («Регар-ТадАЗ»).
25-уми апрел. Панҷ. Варзишгоҳи марказӣ. 4000 тамошобин.
«Исфара» – «Динамо» – 0:3
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 11 (0:1). Суннатулло Азизов, 42 (0:2). Парвиз Ҳусейнов, 85 – аз пеналти (0:3).
Беҳтарин бозигари дидор: Суннатулло Азизов («Динамо»).
25-уми апрел. Исфара. Варзишгоҳи марказӣ. 400 тамошобин.
«Ҳулбук» – «Моҳир» – 3:2
Голҳо: Акмал Зулпалиев, 24 (0:1). Гурез Аслонов, 46 (1:1). Гурез Аслонов, 64 (2:1). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 80 (2:2). Зоирхон Холматов, 90+5 (3:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Гурез Аслонов («Ҳулбук»).
25-уми апрел. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Динамо» (Душанбе)
1
1
0
0
3-0
3
2
«Барқчӣ» (Ҳисор)
1
1
0
0
2-0
3
3
«Ҳулбук» (Восеъ)
1
1
0
0
3-2
3
4
«Ҳосилот» (Фархор)
1
1
0
0
2-1
3
5
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
1
1
0
0
1-0
3
6
«Моҳир» (Ёвон)
1
0
0
1
2-3
0
7
«Равшан» (Зафаробод)
1
0
0
1
1-2
0
8
«Саройкамар» (Панҷ)
1
0
0
1
0-1
0
9
«Ваҳдат» (Ваҳдат)
1
0
0
1
0-2
0
10
«Исфара» (Исфара)
1
0
0
1
0-3
0
11
«Пахтакор» (Ҷаббор Расулов)
0
0
0
0
0-0
0
12
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
0
0
0
0
0-0
0
Даври 2-юм
30-юми апрел (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – 17:00
«Динамо» – «Ҳулбук»
«Ваҳдат» – «Пахтакор»
«Ҳосилот» – «Барқчӣ»
1-уми май (шанбе)
Оғози бозиҳо – 17:00
«Равшан» – «Моҳир»
«Регар-ТадАЗ» – «Исфара»
«Панҷшер» – «Саройкамар»