Русия ба пойгоҳаш дар Тоҷикистон 30 танки дигар фиристод
Пойгоҳи 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст, рӯзи 6-уми декабр соҳиби 30 танки наву замонвии навъи Т-72Б3М шуд. Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба изҳороти Вазорати дифои Русия менависад, ки ин танкҳо хусусиятҳои такмилшудаи ҷангӣ доранд. Танкҳои нав ҷои танкҳои қадимаро мегиранд. Танкҳои нав системаҳои дифоии беҳтар дошта, тавассути низоми мухобиротии "Акведук" ва ҳадафи бисёрсамтаи "Сосна-У" кор мекунад.
Пойгоҳи 201-уми Русия, ки бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷа мебошад, 7 ҳазор сарбоз дошта, дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Баъди сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон тахминан 1400 км марзи муштарак дорад, Русия ва дигар кишварҳои узви Созмони Паймони Амнити Дастаҷамъӣ аз паи афзоиши тамринҳои низомии муштарак ба хотири пешгирӣ аз ҳама гуна таҳдидҳои амниятӣ шудаанд.