Манучеҳр Ҷалилов бори сеюм беҳтарин нишонзани қаҳрамонии футболи Тоҷикистон гардид
Ба иттилои манбаъ, ӯ аз ин пеш солҳои 2015 ва 2016 беҳтарин голзани мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон шудааст. Дар мусобиқаи ҷашнии қаҳрамониии Тоҷикистон, ки бори сиюм доир гардид, Манучеҳр Ҷалилов ҳаждаҳ гол ба самар расонидааст.
Баъди ӯ дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқаи имсола Рустам Соиров («Истиқлол»), ки 15 тӯб задааст, қарор дорад. Мақоми сеюмро капитан ё сарвони дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан Илҳомҷон Баротов азони худ кардааст. Вай 13 гол задааст. Ҷойҳои минбаъдаро Алишер Ҷалилов («Истиқлол») ва Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), ки 12-голӣ задаанд, ишғол мекунанд.
Ба ғайр аз Манучеҳр Ҷалилов боз як нафар – ҳамлагар Дилшод Восиев, ки феълан дар КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бозӣ мекунад, се бор (солҳои 2012, 2014 ва 2017) дар ҳайати “Истиқлол” нишонзани беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардидааст.
Ҳамаи нишонзанҳои беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон (1992-2021):
1992 – Умед Алидодов («Помир», Душанбе) – 11 тӯб.
1993 – Холмурод Зардов («Помир», Душанбе) – 30 тӯб.
1994 – Давлат Содиқов («Ҳулбук», Восеъ) – 26 тӯб.
1995 – Зокир Бердиқулов («Истаравшан», Истаравшан) – 42 тӯб.
1996 – Муҳиддин Иззатуллоев («Равшан», Кӯлоб) – 35 тӯб.
1997 – Рустам Усмонов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 21 тӯб.
1998 – Назиршо Ризомов («Саддам», Сарбанд) – 25 тӯб.
1999 – Ораз Назаров («Варзоб», Душанбе) – 27 тӯб.
2000 – Мансур Ҳакимов («Хуҷанд», Хуҷанд) – 28 тӯб.
2001 – Пирмурод Бурҳонов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 20 тӯб.
2002 – Ҷомихон Муҳиддинов («Хуҷанд», Хуҷанд) – 29 тӯб.
2003 – Осим Бобоев («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 38 тӯб.
2004 – Суҳроб Ҳамидов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 33 тӯб.
2005 – Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 12 тӯб.
2006 – Фозил Сатторов («Тоҷиктелеком», Қӯрғонтеппа) – 20 тӯб.
2007 – Суҳроб Ҳамидов («Хима», Душанбе) – 21 тӯб.
2008 – Нуъмон Ҳакимов («Парвоз», Бобоҷон Ғафуров) – 30 тӯб.
2009 – Нуъмон Ҳакимов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 15 тӯб.
2010 – Юсуф Рабиев («Истиқлол», Душанбе) – 30 тӯб.
2011 – Юсуф Рабиев («Истиқлол», Душанбе) – 32 тӯб.
2012 – Дилшод Восиев («Истиқлол», Душанбе) – 24 тӯб.
2013 – Ҳусейни Суҳробӣ («Истиқлол», Душанбе) – 11 тӯб.
2014 – Дилшод Восиев («Истиқлол», Душанбе) – 15 тӯб.
2015 – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол», Душанбе) – 22 тӯб.
2016 – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол», Душанбе) – 22 тӯб.
2017 – Дилшод Восиев («Истиқлол», Душанбе) – 16 тӯб.
2018 – Шериддин Бобоев («Истиқлол», Душанбе) – 12 тӯб.
2019 – Шериддин Бобоев («Истиқлол», Душанбе) – 16 тӯб.
2020 – Илҳомҷон Баротов («Истаравшан», Истаравшан) – 18 тӯб.
2021 – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол», Душанбе) – 18 тӯб.