Воридоти орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Имсол воридоти орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Бино ба итиллои Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати кишвар, дар 10 моҳи имсол зиёда аз 45 ҳазор тонна орд оварда шудааст, ки нисбати соли пеш 38 дар сад камтар мебошад.
Тоҷикистон гандумро асосан аз Қазоқистон ва як миқдори камтарро аз Русия меорад. Ба гуфтаи мақомот, барои таъмини мардуми Тоҷикистон солона 700 ҳазор тонна орд лозим аст.
Ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон исрор меварзанд, ки феълан 90 дар сади талаботи дохилӣ ба орд аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин карда мешавад.
Соли гузашта Қазоқистон эълон карда буд, ки бинобар кам шудани ҳосил содироти гандумро камтар мекунад. Мақомоти тоҷик далели коҳиши воридотро шарҳ надодаанд.
Имсол тавлиди гандум дар Тоҷикистон ба беш аз 855 ҳазор тонна баробар будааст. Коҳиши воридоти орд ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки нархи он дар бозорҳои кишвар баланд буда, аз 270 то 310 сомониро ташкил медиҳад.
Орд маҳсулоти асосӣ барои ҳар оилаи тоҷикистонӣ аст ва гаронии он ба буҷаи хонаводаҳо таъсир мерасонад