40 дарсад кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Узбекистон барканор шуданд
Чиҳил дарсади кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Узбекистон аз мақом барканор шудаанд.
Дар Вазорати тандурустии Узбекистон гуфтанд, ки кормандони дастгоҳи марказиро дар ҷаласаи 14-уми декабр дар ин бора огаҳ карданд.
Кормандони барканоршуда дар давраи фаъолияти худ ҳеч гуна натиҷаи муассиреро нишон надодаанд ва сифати хидматрасониҳои тиббӣ низ дар Узбекистон дар сатҳи зарурӣ намебошад.
Дар ҷаласа қайд шудааст, ки дар давоми 11 моҳи ахир теъдоди шикоятҳо ба вазорат назар ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 12 ҳазор афзудааст. Бештари шикоятҳо марбут ба сифати хидматрасониҳост.