Мақомоти Олмон: RT-и Русия барои пахши ғайриқонунии барномаҳо муҷозот мешавад
Мақомоти садову симои Олмон гуфтанд, ки барои пахши барномаҳои бидуни иҷозаи телевизиони RT, ки аз ҷониби давлати Русия назорат мешавад, парванда боз кардаанд. RT DE, ки аз шабакаҳои олмонизабони телевизиони RT мебошад, рӯзи 16-уми декабр ногаҳон ба пахши барномаҳояш тавассути маҳвора шурӯъ кард. Рӯзи 17-уми декабр танзимгари матбуоти Олмон – МАВВ гуфт, ки барномаҳои телевизиони русӣ ба забони олмонӣ бар пояи як иҷозатнома ё лисензияи шубҳаноки Сербия ба роҳ монда шудааст. Олмон ба расонаҳои хориҷӣ лисензия ё иҷозатномаи пахш намедиҳад. Бахши олмонии RT бо номи RT DE дар қаламрави Олмон дафтари расмии кор дорад. RT, ки дар гузашта бо номи Russia Today маъруф буд, аз ҷониби Ғарб ҳамчун як василаи таблиғоти Кремлин интиқод мешавад. Ин расона муддати дароз аст, ки бо ҳар роҳ мехоҳад барномаҳои олмонизабони худро бештар кунад.