Дар 11 моҳ 175 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба ватан баргаштаанд
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 175 ҳазор тоҷикистониён тавассути хатсайрҳои чартерӣ ва мунтазам ба ватан баргаштаанд. Аз ин миён беш аз 132 ҳазор нафари онҳо аз Русия омадаанд.
Имомназар Имомзода, сардори Хадамоти муҳоҷират бо овардани ин омор гуфтааст, аз байни бозгаштаҳо беш аз даҳуним ҳазор нафарашон бо хатми давраҳои омӯзишӣ, асосан ба ҳайси дуредгар, кафшерчӣ, андовачӣ ва дузанда ба кор даромадаанд.
Дар маҷмӯъ, дар ин муддат ба Хадамоти муҳоҷират 38 ҳазору 662 нафар муроҷиат кардаанд, ки 60 фоиз зиёдтар будааст. Ба гуфтаи ин масъули вазорат, бинобар паҳншавии COVID-19 ва баста будани марзҳо, аксари корхонаҳо натавонистанд бо иқтидори пурра фаъолият кунанд.
Мақомдори тоҷик афзудааст, Русия ҳамоно аз кишвари серталабтарини дорои ҷои кор барои шаҳрвандони хориҷӣ боқӣ мемонад. То 90 фоизи муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва 10 фоизи боқимонда барои кор ба Қазоқистон ва дигар кишварҳо мераванд.