Қонуни нави ИМА ворид кардани маҳсулот аз Шинҷони Чинро манъ мекунад
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 23-уми декабр як қонунеро имзо кард, ки бар асоси он воридот аз вилояти Шинҷони Чин ба Иёлоти Муттаҳида мамнуъ аст. Ин як танбеҳи дигари Чин ба ҳисоб меравад, чун Иёлоти Муттаҳида онро ба бадрафторӣ бо уйғурҳо ва дигар аққалиятҳои мусулмон дар вилоят муттаҳам мекунад. Бар асоси санад, воридоти тамоми молу маҳсулот аз Шинҷон ба Амрико манъ аст, чун, ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, мумкин аст, онҳоро, касоне истеҳсол карда бошанд, ки дар урдугоҳҳо нигаҳ дошта мешаванд. Ҳукумат барои нигаҳдории уйғурҳо ва дигар аққалиятҳои мусулмон урдугоҳҳои бузурге сохта ва онҳоро маконҳои бозтарбия меномад. Шинҷон ба бисёре аз кишварҳои дунё, маҳсулоти лозим барои сохти панелҳои хуршедиро истеҳсол мекунад. Амрико ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ Чинро ба наслкушӣ дар ин вилоят муттаҳам кардаанд. Чин ин иддаоҳоро рад карда гуфт, ки чораҳои ҷавобие дар баробари тадбирҳои танбеҳии Амрико низ андешидааст.