Вашингтону Киев иддаои Путинро дар бораи "омодагии Украина ба ҳамла ба вилоятҳои шарқӣ" рад карданд
Амрико ва Украина иддаои Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро рад карданд, ки гуфт, Украина барои ҳамла ба вилоятҳои шарқӣ ва ҷудоиталаби худ омодагӣ мегирад. Владимир Путин дар ин бора рӯзи 23-уми декабр ҳангоми нишасти хабарии солонааш дар Маскав сухан гуфт. Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, “воқеият ин аст, ки ягона таҷовузгарӣ дар марзи Русия ва Украина сафарбарии нерӯҳои Русия ва баёнияҳои ҷангҷӯёнаи раҳбари Русия аст.” Владимир Путин ҳамчунин гуфт, нигаронии Ғарб аз сафарбар кардани неруҳо ба марз ва ҳамла ба Украина метавонад муқаддимаи талоши Украина барои ҳамла ба ҷудоиталабон дар шарқ бошад. Мақомоти Украина ҳам ин иддаоро рад карда гуфтанд, ҳеч нияти ҳамла ба вилоятҳои шарқиро надоранд. Олег Николенко, сухангӯи вазорати умури хориҷии Украина гуфт, суханони Владимир Путин дар ин бора воқеият надоранд.