Оқсақолони қирғиз хонаводаи марди гумонбар дар таҷовузро аз деҳа ронданд
Додситони кулли Қирғизистон қарори гуруҳе аз оқсақолонеро ғайриқонунӣ номид, ки амр доданд, хонаводаи як марди муттаҳам ба таҷовуз аз деҳа ронда шавад. Дар ин кишвар то кунун Додгоҳи оқсақолон амал мекунад, ки аз пирамардону афроди муътабари деҳа ташкил ёфтааст. Аммо ҳоло ин амри онҳо нигарониро ба бор овардааст, ки оқсақолон ба истилоҳ аз ҳад гузаронидаанд.