Сел қариб худашро бурд, хонаашро вайрон кард. Хотираҳои талхи Гулинор аз 2021. ВИДЕО
Даҳҳо хонавода дар шаҳри Кӯлоб солеро, ки мегузарад, соли душвор меноманд. Теъдоде аз онҳо бар асари сели 7 моҳ пеш бехона мондаанд. Мақомот мегӯянд, ба зарардидаҳо ёрӣ доданд. Сокинон мегӯянд, то ҳанӯз зери хайма ба сар мебаранд ва аз ёриҳои ваъдагӣ бархурдор нашуданд.