Чоршанбе Чоршанбиевро аз Русия ронданд, дар Душанбе ба куҷо бурданд?
Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва размкори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА, аз Маскав ихроҷ шуда, ба қавли баъзе аз шоҳидон, дар Фурудгоҳи Душанбе аз тарафи шахсони низомипӯш "бурда шудааст". Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Чоршанбиев субҳи 30-юми декабр ба пойтахти Тоҷикистон расид.