Дар Душанбе ба иддаои Ашраф Ғанӣ посух доданд
Ба мусоҳибаи Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури фирории Афғонистон, ки тафсилоти гурези худу ҳамроҳонашро аз Кобул нақл кард, дар Душанбе посух доданд. Муҳаммад Заҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, Ғаниро ба дурӯғпароканӣ муттаҳам кард ва хоҳони муҳокимаи байнулмилалияш шуд.