Як маргталаб худро дар назди Вазорати корҳои дохилии Туркия тарконд
Як маргталаб худро дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии Туркия, дар маркази Анқара таркондааст. Ба иттилои расонаҳои Туркия, нафари дуввум аз сӯи пулиси Туркия кушта шуд. Али Ерликая, вазири корҳои дохилӣ ин ҳодисаро "кӯшиши ҳамлаи террористӣ" номид.