Як фаъоли чечен аз Қирғизистон ба Русия истирдод мешавад
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъоли чеченистонӣ Мансур Мовлаевро ба 6 моҳи зиндон маҳкум кард, ки баъди ин муҳлат вай ба Русия истирдод мешавад. Мовлаев дар убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон айбдор дониста шудааст.
Дар бораи ин ҳукм вакили мудофеи вай Бакит Автандил хабар дод.
"Тавре вакилони ман гуфтанд, ман омодаи пазируфтани зиндон ҳастам. Ҳарчанд айбномаи ман ҷарима пешбинӣ дорад, вале барои ҳифзи ҳаёт, ман хоҳиш мекунам, ки маро ду сол зиндон кунед. Ман омодаам, ки барои ҳифзи ҳаёти худ даҳ сол ҳам бошад, дар зиндон шинам", - гуфт Мовлаев дар сухани охираш.
Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки Мовлаевро ба ду соли зиндон, бо истирдод баъди озод шудан, маҳкум кунад. Ҳарчанд моддае, ки Мовлаев бо он айбдор мешавад, истирдод аз Қирғизистонро пешбинӣ намекунад.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 21 август фаъоли чеченистонӣ Мансур Мовлаевро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд.
Пештар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошти Мансур Мовлаев, шаҳрванди Русияро тасдиқ карда буд.
Ба иттилои мақомоти қудратии Қирғизистон, Мовлаев дар доираи фаъолияти зиддитеррористӣ боздошт шудааст. КДАМ Қирғизистон гуфт, боздоштшуда "ҷонибдори идеологияи тундгароёна аст, ки бо дастури роҳбарои созмонҳои байналхалқии террористӣ дар Сурия, шомили гуруҳи террористҳо дар Қирғизистон шудааст".
Ба иттилои КДАМ, "аъзои гуруҳ тасмим доштанд, ки ба шаҳрвандони сарватманди Қирғизистон ҳамла кунанд ва даромади молӣ ба аст оранд".
Шаҳрвандони боздоштшудаи Русия моҳи январи соли 2023 ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон шуда ва дар ҳудуди Қирғизистон шиносномаи тақаллубии Русияро истифода кардааст, хабар медиҳад КДАМ.