Қазоқистон омода аст гази Русияро ба Узбекистон интиқол диҳад
Алмасадам Саткалиев, вазири энержии Қазоқистон рӯзи 4 октябр гуфт, Қазоқистон тасмим дорад, ки интиқоли гази Русияро ба Узбекистон то охири моҳи октябр шуруъ кунад.
Вай гуфт, интиқоли газ баъди анҷом ёфтани корҳои таъмирӣ оғоз мешавад.
Мақомоти Қазоқистон моҳи август гуфта буданд, ки бо ширкати "Газпром"-и Русияро барои интиқоли газ ба Узбекистон шартнома баста шудааст. Бино ба ин шартнома, омодагиҳо барои интиқоли газ бояд 1 октябр ба анҷом мерасид.
Дар Узбекистон низ тобистони соли ҷорӣ хабар дода буданд, ки воридоти гази Русияро 1 октябри оғоз мекунанд ва дар рӯз 9 млн метри мукааб газ хоҳанд харид.