Ба Одам Қодирови 15-сола унвони қаҳрамони Чеченистон дода шуд
Писари 15 солаи Рамазон Қодиров, соҳиби унвони қаҳрамони Чеченистон шуд. Дар ин бора вакили Думаи давлатии Русия, Одам Делимхонов хабар додааст. Ӯ Қодирови хурдиро “Намунаи дурахшони як ҷавони фавқуллода босавод ва ҳамаҷониба огоҳ” номидааст.