Боздошти молики бозори "Мадина" дар Бишкек
Вакили пешини порлумони Қирғизистон ва молики бозори "Мадина"-и шаҳри Бишкек Турсунтой Салимов боздошт шудааст.
Намояндаи соҳибкор Нурлан Ибраимов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, Салимовро 7 октябр дастгир карданд.
Расонаҳо бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон иттилоъ доданд, ки зидди соҳибкор бо банди "Ташкили гуруҳи муташаккил ё иштирок дар фаъолияти он" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Намояндаи соҳибкор афзуд, ки феълан наметавонад парвандаи Салимовро шарҳ диҳад. Мақомот низ боздошти вакили пешинро шарҳ надодаанд.
Турсунтойи 67-сола вакили порлумони Қирғизистон, даъвати панҷум буд. Ӯ солҳои 1990-ум бозори "Мадина"-ро дар Бишкек таъсис дода буд. Гуфта мешавад, ӯ қудои соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Камчӣ Колбоев аст, ки 4 октябр дар натиҷаи як амалиёт дар Қирғизистон кушта шуд.