Ибрози ҳамдардии Тоҷикистон ба осебдидаҳои Ҳирот. ВИДЕО
Тоҷикистон ба осебдидагони заминларзаи пурқурбонӣ дар Ҳироти Афғонистон ибрози ҳамдардӣ кард. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба "Азия-Плюс" гуфтааст, ният доранд, ба онҷо маводи ниёзи аввал фиристанд. Қазоқистон ҳам ба ирсоли ёриҳо ба осебдидагон ибрози омодагӣ кардааст.