Узбекистон парвозҳо ба Исроилро қатъ накардааст
Узбекистон парвози ҳавопаймоҳоро ба Исроил, ки дар вазъияти ҷангӣ қарор дорад, қатъ накардааст.
"Парвозҳо аз Исроил ба Узбекистон то имрӯз манъ нашудаанд. Онҳое, ки хоҳиши рафтанро доранд, метавонанд билети ҳавопайморо харидорӣ ва парвоз кунанд. Дар бораи тағйирот хабар дода мешавад", - омадааст дар хабари сафорати Узбекистон дар Тел-Авив.
Тибқи ҷадвали ширкати ҳавопаймоии "Узбекистон хаво йуллари", ҳавопаймҳои ширкат рӯзҳои 10, 12 ва 15 октябр аз Тел-Авив ба шаҳри Тошканд парвоз мекунанд.
Гуруҳи фаластинии “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябр дар яке аз ҳамлаҳои хунбортарин дар даҳсолаҳои охир марзи Исроилро рахна кард.
Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи ин ҳамла ва ҳуҷуми ҷавобии Телавив, то 9-уми октябр дар Исроил камаш 700 нафар, аз ҷумла ҳудуди 250 нафар дар як ҷашнвораи мусиқӣ кушта шудаанд.
Дар бораи марги беш аз 500 нафар дар Навори Ғазза гузориш расид. “Ҳамос” иддао дорад, ки зиёда аз 130 исроилиро гаравгон гирифтааст.