Дипломати тоҷик дар СММ аз ҷанг дар Ховари Миёна нигаронӣ кард
Як намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Миллал аз шиддат гирифтани таниш дар Ховари Миёна нигаронӣ карда гуфтааст, Тоҷикистон "амалҳои хушунатомезро маҳкум мекунад". Амриёр Бобозода аз ҳеч кишвару гуруҳе ном набурд, вале чор рӯз аст, ки миёни гуруҳи "Ҳамос" ва Исроил ҷанг идома дорад.