Раисӣ ва валиаҳди Саудӣ дар бораи Исроилу Фаластин гап задаанд
Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон дар бораи муноқишаи Исроилу Фаластин гап задаанд. Ба иттилои онҳо, гуфтугӯи телефонӣ рӯзи 11-уми октябр анҷом шуд.