"Фармон аз боло." Хонаи модарандари Сӯҳроб Зафарро бе барқ гузоштаанд
Ойиша Мирзоева, модарандари раиси "Гурӯҳи 24" Сӯҳроби Зафар ва хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, мегӯяд, ки мақомот сими барқи хонаашро буридаанд. Дар як рӯзи охир ин шикояти дувуми наздикони мухолифон дар бораи маҳрумӣ аз нерӯи барқ аст. Мақомот ҳозир нашуданд, ки масъаларо шарҳ диҳанд.