Мусобиқаи куштии камарбандии ҷаҳон дар Хуҷанд
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куштии камарбандӣ миёни ҷавонон, ки 12-уми октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт, дар маркази вилояти Суғд то рӯзи 15-уми октябр идома хоҳад кард.
Дар ин мусобиқот варзишгарони 18-20-сола аз 15 кишвар – Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Туркманистон, Молдова, Қазоқистон, Озарбойҷон, Муғулистон ва ғайра иштирок мекунанд.
Ин мусобиқот бо ибтикори Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалӣ ва дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо оид ба рушди намудҳои миллии варзиш баргузор шудааст.
Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар риштаи куштии камарбандӣ мунтазам дар мусобиқоти ҷаҳонию қитъавӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, натиҷаҳои баланд ба даст меоранд. Аъзои мунтахаби Тоҷикистонро намояндагони вилояти Суғд ташкил медиҳанд.
Ба иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар ҳамин ҳол ба ин намуди варзиш беш аз 800 нафар машғуланд, ки ба онҳо 20 устоди варзиш усулҳои куштии камарбандиро меомӯзонанд. Ин намуд дар байни сокинони шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Хуҷанд, ноҳияҳои Деваштич, Мастчоҳ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва Шаҳристон маъмул аст.