"Рӯйхати агентҳои хориҷӣ"-и Қазоқистонро "таҷрибаи русӣ" номиданд
Созмони "Transparency International" (Шаффофияти Байнулмилал) дар робита ба нашри рӯйхати дарёфткунандагони сармояи хориҷӣ дар Қазоқистон изҳори нигаронӣ кардааст.
"Ин иқдом метавонад ба фазои бе ин ҳам танги ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақили Қазоқистон таъсири манфӣ расонад", - гуфта шудааст дар изҳороти созмон, ки рӯзи 10 октябр нашр шуд.
Вазорати молияи Қазоқистон бори аввал феҳристи "агентҳои хориҷӣ"-ро 20 сентябр нашр кард, ки дар он 240 шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ шомил шудааст. Миёни онҳо ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва намояндагии ширкатҳои хориҷӣ ҳастанд.
Қаблан Созмони байналмилалии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) ҳам роҷеъ ба шомилшавии номи бархе аз хабарнигорон, расонаҳо ва созмонҳои ҳомии матбуот дар Қазоқистон ба рӯйхати "дарёфткунандагони сармояи хориҷӣ" нигаронӣ карда буд.
Ба гуфтаи масъулони CPJ, шомилшавии рӯзноманигорон, расонаҳо ва созмонҳои ҳуқуқи башар ба рӯйхати шахсони воқеиву ҳуқуқие, ки мақомоти қазоқ онҳоро "сармоягиранда аз хориҷ" меноманд, ба равандҳое хеле монанд аст, ки давоми даҳсолаи ахир дар атрофи қонуни "агентҳои хориҷӣ"-и Русия мушоҳида мешавад.
Созмон гуфтааст, уҳдадориҳои байналмилалие, ки Қазоқистон ба зимма гирифтааст, аз онҳо талаб мекунад, то фавран аз нашри маълумоти шахсии рӯзноманигорон, расонаҳо ва ҳомиёни ҳуқуқи башар даст кашад.