Бишкеку Маскав низоми ягонаи дифои ҳавоӣ таъсис медиҳанд
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қонуни тасвибшуда дар бораи таъсиси низоми минтақавии ягонаи дифои ҳавоӣ бо Русияро имзо кард.
Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ дода, ки низоми дифои ҳавоӣ ҷузъи ҷудонашавандаи низоми муштараки дифои ҳавоии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд.
"Таъсиси низоми муштараки минтақавии дифои ҳавоӣ миёни Қирғизистон ва Русия ҳифзи боэътимоди фазои ҳарду кишварро таъмин хоҳад кард. Ин бехатарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро низ тақвият мебахшад", - афзудааст манбаъ.
Порлумони Қирғизистон 11 октябр созишнома дар бораи таъсиси низоми минтақавии ягонаи зиддиҳавоӣ бо Русияро ба тасвиб расондааст.
Путин 8 июли соли 2022 фармон дар бораи омода кардани созишнома миёни Русия ва Қирғизистон дар бораи таъсиси низоми муштараки зиддиҳавоиро имзо карда буд.
Вазири дифои Қирғизистон Бактибек Бекболотов дар ҷараёни сафараш ба Москва дар рӯзҳои 15-16 августи соли гузашта бо ҳамтои руси худ Сергей Шойгу созишномаро имзо кард.