Узбекистониҳо ҳарчи бештар ғайриқонунӣ вориди ИМА мешаванд
Дар ду соли охир шаҳрвандони Узбекистон дар рӯйхати касоне, ки ғайриқонунӣ вориди ИМА мешаванд, ба мақоми севум расидаанд. Дар ин бора дар оморе зикр шудааст, ки онро Fox News нашр кард.
Телевизион рӯйхати мазкурро дар асоси маълумоти Хадамоти марзбонии ИМА тартиб додааст.
Бино ба ин омор, дар ду соли охир 13 ҳазору 624 узбекистонӣ талош кардаанд, ғайриқонунӣ вориди ИМА шаванд.
Аз ҳама бештар шаҳрвандони Туркия - 30 ҳазору 830 кас - талош кардаанд, ки ғайриқонунӣ вориди ИМА шаванд. Баъди Туркия Мавритания (15 594 кас), Узбекистон, Миср ва Покистон қарор доранд.
Яке аз масирҳои маъмулии муҳоҷирони узбекистонӣ ба ИМА тавассути Максика мегузарад. Узбекистониҳо тавассути Туркия - Испания - Боливия - Колумбия - Мексика вориди ИМА мешаванд.
Эдриен Уотсон, як мақомдори амрикоӣ гуфта буд, "муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ вориди ИМА мешаванд, ихроҷ хоҳанд шуд".