Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров дар UFC 294 баромад мекунанд
Ду варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров дар яке аз мусобиқаҳои маъруфи намуди муҳорибаҳои омехта дар шаҳри Абу Забӣ баромад мекунанд. Дар назар аст, ки сабқати UFC 294 дар ин шаҳр рӯзи 21-уми октябр баргузор шавад.