Натиҷаҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ. Пешрафт кадом ва иштибоҳ чӣ буд?
Варзишгарони тоҷик Бозиҳои 19-уми осиёиро бо ҳафт медал (ду тило, як нуқра ва чаҳор биринҷӣ) ба поён расонданд. Бозиҳо аз 23-юми сентябри имсол то 8-уми октябр дар Чин гузашт. Иддае ҳунарнамоии варзишгарони тоҷикро хубу кофӣ медонанд, вале бархе бовар доранд, ки аз зарфияту тавоноии онҳо пурра истифода нашуд. Шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф ин масъаларо бо мутахассисони соҳа дар як мизи гирд дар миён гузошт. Суҳбату хулосаи онҳоро дар навор бинед.