Як фаъоли мухолифон мегӯяд, модари ӯро ҳам аз барқ маҳрум кардаанд
Фарҳод Одинаев, як намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, намояндагони идораи барқи шаҳри Ҳисор барқи манзили модарашро қатъ кардаанд. Мақомот масъаларо шарҳ намедиҳанд, аммо дар ҳафтаи ахир ҳадди ақал чор намояндаи мухолифин гуфтанд, пайвандони онҳоро аз барқ маҳрум кардаанд.