Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба кушта шудани садҳо нафар дар ҳамла ба як бемористон дар Ғазза
Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, ки беш аз панҷсад нафар дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил ба бемористони Ал-Аҳлӣ дар Ғазза, ҷон бохтанд. Артиши Исроил гурӯҳи фаластинии "Ҷиҳоди исломӣ"-ро масъули ҳамла ба бемористони Ал-Аҳлӣ дар Ғазза эълон кард. Ҳалокати садҳо нафар дар ин бемористони шаҳри Ғаззаи Фаластин дар рӯзи 17-уми октябр, вокунишҳои ҷаҳониро ба миён овард.