Урдун нишаст бо ҳузури Байденро бекор кард
Баъди таркиш дар бемористоне дар Ғазза, Урдун нишасти чорҷониба бо ҳузури Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрикоро бекор кард. Ин нишаст қарор буд 18-уми октябр бо ҳузури роҳбарони Урдун, Амрико, Миср ва раиси ташкилоти худгардони Фаластин баргузор шавад.