Тоҷикистон ба осебдидагони зилзилаи Ҳирот кӯмак фиристод
Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи вилояти Ҳироти Афғонистон кӯмакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд.
Ба иттиллои ВКХ, корвони кӯмакҳо субҳи имрӯз, 18-уми октябр, аз назди Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ҳаракат намуда, ба сокинони зарардида аз заминларзаи Афғонистон дастрас хоҳанд шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, кӯмакҳо тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешаванд. Ҳаҷми кӯмакҳо 3 ҳазор 300 тонна буда, аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ, хайма ва дигар маводи мавриди ниёз иборат мебошад.
Ҳаракати корвони кӯмакҳо ба мардуми Ҳирот аз тариқи Панҷи Поён ба Шерхон Бандари вилояти Кундуз сурат гирифта, аз масири шимолӣ Афғонистон ба Ҳирот хоҳанд расид.
Кӯмакҳои Тоҷикистон ба Афғонистони зери раҳбарии Толибон, ки то ҳол ҳеҷ кишвар ҳукуматашонро расман эътироф накардааст, бо гузашти 10 рӯз аз сар задани ҳодисаи заминҷунбӣ сурат мегирад.
Субҳи 7-уми октябр заминларзае дар вилояти Ҳирот сабт шуд, ки дар пайи он беш аз 2 ҳазор нафар ҷонашонро аз даст доданд. 11 ва 15-уми октябр низ заминлар бори дигар бархе аз минтақаҳои Афғонистон, аз ҷумла Ҳироти ин кишварро такон дод.