Ҳайати Узбекистон дар роҳи Кобул. "Қӯштеппа"-и Толибон ба Тоҷикистон ҳам таъсир дорад?
Ҳукумати Узбекистон барои гуфтугӯ дар робита ба наҳри "Қуштеппа", ки аз сӯи гуруҳи Толибон дар Афғонистон бунёд мешавад, ҳайатеро ба Кобул мефиристад. Сохтмони ин канал дар Афғонистон, дар Узбекистон ва Туркманистон нигарониеро аз камбуди эҳтимолии об дар минтақа ба миён овардааст.