Вокуниши Ҳизби наҳзат ба таркиши бемористоне дар Ғазза
Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ таркишро дар як бемористони Ғазза маҳкум карда, онро хилофи "қонунҳои байналмилалӣ ва ҳамаи арзишҳои инсонӣ" гуфтааст. Ин ҳизб, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст, дар изҳороте аз 18-уми октябр гуфт, ҳеҷ нерӯе ҳақ надорад ба бемористон ва мактабҳо, ки макони паноҳ бурдани ғайринизомиён аст, ҳамла кунад.
"Мо аз созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои муассир дар ин қазия дархост мекунем, ки барои таваққуфи ин ҷанг ва таваққуфи куштори мардуми бегуноҳ ҳарчи зудтар вориди амал шаванд,"-омадааст дар изҳороти Ҳизби наҳзати исломӣ.
Рӯзи 17-уми октябр дар натиҷаи зарба ба ин бемористони Навори Ғазза, минтақаи зери итоати гуруҳи "Ҳамос", садҳо кас кушта ва захмӣ шудаанд.
Мақомоти фаластинӣ гуфтанд, дар таркиши бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза зиёда аз 500 кас ҷон бохт. Онҳо Исроилро масъули ҳодиса донистанд. Артиши Исроил, баръакс, гурӯҳи фаластинии "Ҷиҳоди исломӣ"-ро гунаҳкор шумурд. Ҳалокати садҳо нафар дар бемористон рӯзи 17-уми октябр вокунишҳоро ба миён овард. Бо ин ҳол, аз ҷониби кӣ сар задани зарба ба бемористони Ғазза, ки садҳо кушта барҷой гузошт, номаълум ва баҳсӣ мемонад.