Сафири Фаластин дар Душанбе: Исроил болои Ғазза 6 ҳазор бомб партофтааст
Луай Исса, сафири ҳукумати худгардони Фаластин зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе ҳамлаҳои рӯзҳои ахири артиши Исроил ба навори Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ ва қатлу куштори мардуми осоиштаи фаластиниро маҳкум кард. Ҳукумати Исроил гуфтааст, мушакборони Ғазза посух ба ҳамлаи гуруҳи “Ҳамос” ба хоки ин кишвар аст.