Узбекистон зарба ба беморхонаро дар Ғазза маҳкум кард
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар робита ба зарба ба беморхонаи "Ал-Аҳлӣ" дар навори Ғазза изҳорот нашр кард.
"Хабарҳо дар бораи қурбониёни зиёдро дар натиҷаи зарбаи ҳавоӣ бо андуҳи фаровон қабул кардем. Ин иқдоми хушунатборро қатъиян маҳкум мекунем ва онро ҳамчун ҳолати бадтарини поймолсозии ҳуқуқи байналхалқии башарӣ баҳо медиҳем", - омадааст дар изҳорот.
Рӯзи 17-уми октябр дар натиҷаи зарба ба ин бемористони Навори Ғазза, минтақаи зери итоати гуруҳи "Ҳамос", садҳо кас кушта ва захмӣ шудаанд.
Мақомоти фаластинӣ гуфтанд, дар таркиши бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза зиёда аз 500 кас ҷон бохт. Онҳо Исроилро масъули ҳодиса донистанд. Артиши Исроил, баръакс, гурӯҳи фаластинии "Ҷиҳоди исломӣ"-ро гунаҳкор шумурд.