Исроил гуфт, муҳосираи Навори Ғаззаро сабуктар мекунад. ВИДЕО
Баъд аз сездаҳ рӯзи ҷанг байни гуруҳи фаластинии "Ҳамос" ва Исроил, Телавив розӣ шудааст, ки ёриҳои башардӯстона тавассути Миср ба Навори Ғазза бирасанд. Мардум дар онҷо бо камбуди хӯрок ва обу нерӯи барқ дучор ҳастанд. Ҳамзамон баҳсҳо дар бораи таркиш дар бемористони Ғазза идома дорад.