Ду маъмури милисаро дар Кӯлоб ҷазо медиҳанд
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ду маъмури милисаро латукӯби як сокини ноҳия боздошт кардаанд. Ҳодиса моҳи август рӯй дода, боздошти капитан Шамсиддин Саидзода ва майор Фахриддин Ҳакимзода ҳафтае пеш сурат гирифт. Додситонӣ ба зидди онҳо ба иттиҳоми “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” парванда кушодааст.