Рӯзҳои талх ва шабҳои сарди осебдидагон дар Ҳирот
Сокинони аз зилзила осебдида дар вилояти Ҳироти Афғонистон мегӯянд, шабҳои сарду тоқатфарсоро сипарӣ мекунанд ва ба ёриҳои фаврӣ ниёз доранд. Баъзе аз ниҳодҳои байнулмилалӣ ёриҳоро ба зилзилазадаҳо фароҳам кардаанд, аммо ин кумакҳо дар пеши зарари расида андак аст. Мақомоти Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ба мардуми осебдидаи Ҳирот ёрии башардӯстона фиристоданд.