Шумори кушташудаҳо дар Ғазза афзоиш ёфт
Вазорати беҳдошти Фаластин гуфт, шумори кушташудаҳо дар ҷанги миёни Ҳамосу Исроил аз ҷониби Ғазза ба 4385 нафар расид. Ба иттилои ин вазорат, аз 7-уми октябр, замони шурӯи ҷанг дар Ховари Миёна, инчунин 13 ҳазору 651 нафар маҷрӯҳ гардиданд.
Ба иттилои вазорат, аз миёни кушташудаҳо 1756 нафарашон кӯдак ва 976 нафарашон занон мебошанд.